Ин матлабро ҷаноби Саидов имрӯз, 5 апрел зимни суханронӣ дар нишасте бо журналистон дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон изҳор доштааст. Хабаргузории CA-News менависад, сафири тоҷик гуфтааст, Ӯзбакистон бо амалҳои худ талош дорад, вазъиятро дар Тоҷикистон муташанниҷ намояд.
«Идомаи вазъияти мавҷуд дар оянда метавонад ба шароити мардуми Тоҷикистон таъсири хело манфӣ гузошта, сабаби бӯҳрони иҷтимоӣ гардад»,-илова кардааст сафир.
Ба қавли Ассомуддин Саидов новобаста ба талошҳои Тоҷикистон барои рушд ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳалли мушкилоти вазнин дар муносибатҳои байнидавлатӣ роҳбарияти Ӯзбакистон аз фишорҳои пайвастаи иқтисодӣ кор мегирад, то роҳбарияти Тоҷикистонро ба тасмимгириҳои барои онҳо зарур маҷбур созанд.
Ёдовар мешавем, аз ин пештар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия низ бо забонҳои русӣ ва англисӣ баёнияе нашр кард, ки дар он аз вазъи ба амаломада дар муносибатҳои Душанбе ва Тошканд изҳори нигаронӣ мешуд.