Имрӯз, 5 апрел аз нашри нахустин шумораи рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" 82 сол пур мешавад.
КМ ЛКСМ Тоҷикистон фаъолияти торафт зиёдшавандаи комсомоли ҷумҳуриро ба назар гирифта, бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани кори он, мустаҳкам намудани сафҳои комсомол, муттаҳид намудани коргарон, деҳқонон, ҷавонони камбағал ва миёнаҳол, кори тарбиявӣ миёни ҷавонон барои нашри рӯзномаи ҷавонон қарор ҷабул кард ва 5 апрели 1930 аввалин шумораи он ба дасти хонанда расид. Дар муддати беш аз 80 сол ҷарида чандин маврид номашро иваз кардааст. Аз 5 апрели соли 1930 то 24 августи соли 1941 бо номи "Комсомоли Тоҷикистон", аз 1 сентябри соли 1945 то 12 июли соли 1956 бо номи "Ҷавонони Тоҷикистон", аз 15 июли соли 1956 то 27 декабри соли 1988 бо номи "Комсомоли Тоҷикистон" ва аз 1 январи соли 1989 то имрӯз бо номи "Ҷавонони Тоҷикистон" мунташир мегардад.
Нашрия ду маротиба ба мӯҳлати тӯлонӣ аз чоп бозмондааст: аз 24 августи соли 1941 то 01 сентябри соли 1945 ва аз 7 июли соли 1995 то 23 октябри соли 1998.
31 январи соли 1980 рӯзнома аз ҷониби Раиси Президиуми Совети Олии СССР Леонид Брежнев бо ордени "Нишони фахрӣ" мукофотонида шуд.
Ҳоло ин ҷарида ҳафтае як маротиба дар ҳаҷми 16 саҳифа чоп мешавад.