Бино ба хабари манбаъ Ҳамрохон Зарифӣ дар пойтахти Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат мекунад.
Таҳкими марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар пайи ба ихтиёри нерӯҳои афғон вогузор кардани таъмини амният дар кишвари исломӣ ва ҳамчунин ташкили транзити борҳои нерӯҳои байналмилалӣ ба Афғонистон аз мавзӯҳҳои меҳварии ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД гуфта мешавад.
Ҳамчунин, баррасии вазъи Ховари Миёна, Осиёи Ғарбӣ ва Африқои Шимолӣ низ дар назар гирифта шудааст.