Ду тӯби «Реал»-ро Криштиану Роналду ба дарвозаи АПОЭЛ ворид кард. Кака, Хосе Калехон ва Анхел ди Мария як голӣ заданд. Муаллифи тӯбҳои ҷавобӣ бошад, Густаво Мандука ва Эстебан Солари буданд.
Рӯзи гузашта ҳамчунин бозии дуюми 1/4 финалӣ миёни «Челси»-и Англия ва «Бенфик»-и Португалия баргузор шуд. Клуби Лондон дар майдони худ ҳарифашро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард ва дар даври ниманиҳойии Лигаи қаҳрамонҳо бо "Барселона"-и Испания бозӣ мекунад.
Фрэнк Лэмпард аввалин шуда ҳисобро боз кард ва «Челси»-ро як қадам ба пеш бурд. Дар дақиқаи 86-ум нимҳимоятгари "Бенфик" Хави Гарсия ҳисобро баробар намуд. Вақти асосӣ мусовӣ ба охир расид. Дар вақти иловашуда Раул Мейрелеш тавонист ғалабаи комили «Челси»-ро таъмин намояд.
Ёдовар мешавем, дар бозиҳои аввали чорякниҳойӣ низ "Реал" ва "Челси" дастболо шуда буданд.