Барои табобати як бемори шакли мутобиқгаштаи сил дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 5 то 7 ҳазор доллар маблағ сарф мешавад.
Ин нуктаро Фирӯза Саидова, ҳамоҳангсози корҳои иттилоотӣ ва омӯзишии Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил (МҶБС) зимни як ҳамоиш дар Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, барои ба таври ройгон таъмин кардани беморони сил бо ғизо, дастрас кардани доруҳо ва ташхиси рентгенӣ маблағи зиёд зарур буда, айни ҳол бештари ин хароҷотро созмонҳои хориҷӣ пардохт мекунанд. https://www.ozodagon.com/ij/item/16289