Ҷаноби Назаров дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ҳудуди 80 асари рассомон ба ин намоийшгоҳ оварда шудааст. Ӯ афзуд, мо инҷо рассомонро ба се давра тақсим намудем, рассомони соҳибтаҷриба, миёнсол ва ҷавон. Яъне, мо ба ҷавонон имкон додем, то маҳсулашон дар намойишгоҳҳои ҷиддӣ, мисли имрӯз, муаррифӣ шавад. Тасмим гирифтаем, ки ҷавононро қадам ба қадам аз пайи худ бубарем ва бо ин тариқ холигоҳе дар санъати суратгарии тоҷик ба миён наояд.
Ин дар ҳолест, ки санъати суратгирии тоҷик танҳо аз сӯи наворбардори соҳибтаҷриба Заур Дахте муаррифӣ мешуду халос. Бо ин вуҷуд, ки ин устоди ҳунар метавонад бо танҳоӣ муаррифгари санъати аккосии тоҷик бошад, аммо вазорати фарҳангро мебоист дар ин самт фаррохтар бингарад ва аккосони ҷавонро, ки дар Тоҷикистон кам нестанд, ба хотири дастгирӣ дар чунин чорабиниҳои ҷиддӣ роҳ бикушояд.{jathumbnail off}