Ёдовар мешавем, ки Ивлиева, ки ба Тошканд барои доир намудани омӯзишҳои тахассусӣ барои ҳамкасбони ӯзбаки худ мерафт, аз сӯи мақомоти Ӯзбакистон дар фурудгоҳи Тошканд боздошт ва ба Маскав бозгардонида шуда буд. Сабаби бозгардонидани ӯро мақомот он замон шарҳ надода буданд. Худи Ивлиева бар он аст, ки ин депорт аз Ӯзбакистон ба тазоҳуроти пуштибонӣ аз рӯзноманигор Умеда Аҳмадова, ки бо ташаббуси ӯ 2 сол пеш дар Маскав доир гардида буд, рабт дорад.
Ҳамойиш бо мақомоти шаҳрдории Маскав мувофиқа шуда буд ва агар сабти видеоии кормандони сафорати Ӯзбакистонро аз ошёнаи саввум ба эътибор нагирем , ором ба анҷом расид.