Сониҳаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Қурғонтеппа мунҷар ба марги ду нафар гардид
Тавре аз Раёсати БДА-и Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, рӯзи гузашта, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес -Бенс» Гулнора Аслоноваи 51- сола ба садама дучор шуд.
Ба қавли манбаъ, ин бонуи сарнишини сабукрав аснои ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба ҷониби шаҳри Қӯрғонтеппа дар километри 79-ум, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар ҳудуди деҳаи Сарбанд ба қисми қафои воситаи нақлиёти тамғаи «Зил- 413- 410», ки дар тарафи рости роҳ истода буд, бархӯрдааст. Пас аз ин, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Камаз -5410», ки таҳти идораи Зокирхон Одинаеви 43- сола ҳаракат мекард, бархурдааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи сабукрави «Мерседес-Бенс» Гулнора Аслонова ва мусофири ӯ, Ҷӯрахон Назарови 48- сола ҷароҳати вазнини ҷисмони гирифта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Некрӯзҷон Узоқови 27- сола бошад, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, ба касалхона интиқол дода шудааст.