Ин тарҳи Аннон аз тамоми тарафҳои даргир талаб менамояд, ки ба хушунат ва саркӯбиҳо хотима бахшанд, то кӯмакҳои башардӯстона ба осебдидагон равона гарданд, боздоштшудагон озод шаванд ва ба мардум иҷоза дода шавад, ки тазоҳуроти мусоламатомез барпо кунанд.
Гуфтанист, намояндаи доимии Сурия дар СММ Башор Ҷаъфар иброз доштааст: «Димишқ ба иҷрои тамоми бандҳои тарҳи Анон розӣ аст, аммо аз гурӯҳҳои мухолиф низ дархост менамояд, ки ба ин тарҳ пойбанд бошанд».