Бино ба иттилои ғайрирасмӣ Оғохони IV шоми гузашта тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Урупо ба Урумчии Хитой омада, ҳамакнун ба Тоҷикистон мерасад. Дар ҳамин ҳол, мақсади боздиди Оғохони IV ба Душанбе шарҳ дода намешавад ва нақшаи ин сафар махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Таҳлилгарони умури сиёсӣ бар ин назаранд, ки чанд рӯз қабл дар Тоҷикистон «Кумитаи ҷамоатхонаҳои шиаи исмоилии исломӣ" дар Кумитаи дини Тоҷикистон расман сабти ном шуд ва ин ташкилот қаблан дар шаҳри Душанбе бо номи "Маркази Исмоилия" шинохта мешуд, шояд сабаби боздиди ғайримунтазираи Оғохони IV бошад.