Зимнан, ин созмон (АI-Amnesty International) нигаронӣ кардааст, ки дар сурати бозгардондан ба Тоҷикистон ба Ҷӯраев хатари шиканҷа шудан, дуруштрафторӣ ва муҳокимаи додгоҳии ғайримунсифона таҳдид мекунад. Гуфта мешавад, ки рӯзи 29 март вакили Ҷӯраев ба сурати ғайрирасмӣ огоҳ карда шуд, ки зерҳимояи ӯ аз боздоштгоҳ раҳо мешавад. Замоне, ки Анна Ставитская, адвокати Ҷӯраев ба боздоштгоҳ меравад, ба вай мегӯянд, ки оқои Ҷӯраев озод шудааст ва аз боздоштгоҳ рафтааст. Айни замон дар мавриди макони сукунат ва буду боши Ҷӯраев дигар иттилоъе рӯи даст нест.
Маврид ба ёдоварист, Низомхон Ҷӯраев 18 августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯйи пулиси Русия бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шуда буд. Ҷӯраевро дар Тоҷикистон бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гӯрӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ муттаҳам медонанд, аммо Низомхон Ҷӯраев ва вакили мудофеи ӯ ҳама ин иттиҳомотро то ин замон рад мекарданд.