Бар асари фаромадани тарма роҳи ду мавзеъи ноҳияи Ванҷ баста шуд.
Тавре Ориф Нозимов, сардори дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, шаби гузашта, тахминан соати 21:00, дар километри 431-уми шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ дар мавзеи Туғак ва дар километри 435-уми мавзеи Оташаки нохияи Ванҷ бар асари фаромадани тарма роҳи мошингард банд шуд. Баландии тармаи фаромада 10-15 метр, дарозиаш бошад 200 метрро дар бар гирифтааст.
Сарчашмаи хабар ҳолати имрӯзии роҳу ағбаҳоро чунин шарҳ дод: Ҷодаи Душанбе - Хоруғ мувақатан маҳкам аст, ағбаҳои Мурғоб, Хобу Рубот, Куртезак, Анзоб, Шаршар, Майхура, Чормағзак, Фахробод ва роҳи Душанбе-Рашт боз аст.