Куштор дар мошини шахсӣ
Ҷасади Рӯзиқул Одинаеви 51- сола дар дохили автомашинаи шахсияш пайдо шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, ин ҷасад рӯзи гузашта, тахминан соати 19.30 аз соҳили дарёчаи Ёвон, назди деҳаи Қулободи ноҳияи Ёвон аз дохили автомашинаи шахсиаш, ки тамғаи «Опел-Астра» буд, ёфт шудааст. Марҳум аз ҷониби шахсони номаълум бо чанд зарбаи корд дар қисми рости гардан ва қафаси синааш ба қатл расидааст.
Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чораҳои фаврӣ ҷустуҷуй идома дорад.