Дар толори варзишии «Далерон»-и ин шаҳр мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини юнонӣ-римӣ доир гардид.
Тибқи иттилои Мазбут Муҳаммадиев, муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, дар ин сабқат аз рӯи 5 вазн зиёда аз 100 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
-Мақсад аз ин чорабинӣ ташвиқу тарғиби дастовардҳои истиқлол, дарёфти истеъдодҳо, мусоидат ба оммавияти варзиш буд,-гуфт Муҳаммадиев
Ғолибон ва соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мукофотонида хоҳанд шуд.