4-уми апрел, фардо дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мизи мудаввар доир ба масоили татбиқ намудани системаи иттилоотии "Равзанаи ягона" дар соҳаи савдо миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мегардад.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз намояндагии Созмони австриягӣ оид ба иқтисод (Hilfswerk Austria International) иттилоъ доданд, дар ин ҳамойиш, масоили ҳамкории сохторҳои давлатӣ, соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамчунин масъалаҳои татбиқ намудани Системаи иттилоотии "Равзанаи ягона", ки барои осон намудани тартиботи маъмурӣ оид ба расмият даровардани амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат менамояд, баррасӣ хоҳад шуд.
Маврид ба ёдоварист, ин нишаст ҷониби созмони «Hilfswerk Austria International» дар ҳамкорӣ бо Барномаи GIZ (Ҷамъияти олмонӣ оид ба Ҳамкории байналхалқӣ) ва "Мусоидат намудан ба ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ") ва инчунин бо шарикони маҳаллӣ таҳти дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи марҳилаи дуюми барномаи Осиёи Марказӣ- Инвест доир мегардад. Тавре манбаъ хабар дод, лоиҳа ба пешбарии ҳамгирошавии минтақавии Осиёи Марказӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ равона шудааст.