Дувоздаҳ ҳамватани мо аснои як сӯхтор дар пойтахти Русия ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарии ин кишвар, шаби гузашта (02-04-2012) дар бозори масолеҳи сохтмонии Качаловск, воқеъ дар шоҳроҳи Варшава, дар ҷануби Маскав оташсӯзӣ рух додааст. Гуфта мешавад, дар бинои бозор ба ҳангоми сар задани сӯхтор 15 нафар қарор доштаанд. Оташсӯзӣ дар бинои ду ошёнаи истиқоматӣ рух додааст ва ин афрод дар ин ҳолат хоб будаанд.
Ҳамзамон, масъулини бозори мазкур иброз доштаанд, ки муҳоҷирони тоҷикистонӣ чанд сол боз дар ин фурӯшгоҳ кору фаъолият доштанд ва ҷои иқоматашон ҳам бозор буд.
Дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи санадҳои тасдиқкунандаи шахсияти ҳалокшудагон идома дорад ва пулис ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардааст.