Додгоҳи Покистон имрӯз, 2-юми апрел қароре содир кард, ки тибқи он хонаводаи пешвои собиқи «Ал-Қоида» Усома бин Лодан аз қаламрави ин кишвар ихроҷ мешаванд.
Ба иттилои хабаргузории «Франс-Пресс», се ҳамсар ва ду духтари Усома бо иттиҳоми убури ғайриқонунӣ ва истиқомат дар қаламрави Покистон гунаҳкор шудаанд. Тибқи қарори суд хонаводаи бин Лодан 45 рӯз дар манзили зисташон дар Истамбул зери назорат хоҳанд буд. Ин мӯҳлат аз рӯзи 3-юми март, ки онҳо расман боздошт шудаанд, ҳисоб мешавад. Баъдан, оилаи раҳбари кушташудаи «Ал-Қоида»-ро дар фурсати наздик «депорт» мекунанд. Ба иттилои ҳуқуқшиносон ин амал на дертар аз ду ҳафтаи дигар амалӣ мешавад.
Бародари завҷаи хурдии Лодан -Амал гуфтааст, ки ҳар як аъзои хонаводаро 10 ҳазор рупия, муодили 110 доллар ҷарима бастаанд. Ҳоло, рӯшан нест, ки оилаи бин Лоданро ба куҷо бадарға мекунанд. Амал дар Яман ва завҷаҳои дигари Уссома дар Арабистони Саудӣ таваллуд шудаанд.
Боячд гуфт, оилаи бин Лодан аз моҳи майи соли 2011, замоне, ки нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Ободобод ӯро куштанд, зери назорат қарор гирифтанд. Тобистони ҳамон сол хабар расид, ки ба пайвандони пешвои «Ал-Қоида» то анҷоми таҳқиқоти марги ӯ тарк кардани хоки Покистонро манъ кардаанд.