Ёдовар мешавем, ки дастаи «РегарТадАз» ва «Истиқлол» барои дарёфти «Ҷоми Тоҷикистон» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 26-уми октябри соли гузашта миёни ҳам рақобат намуданд. Дар ин дидор, ҳамлагари дастаи «Регар-ТадАЗ» Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 61-уми бозӣ тӯбро вориди дарвозаи дастаи «Истиқлол» намуд ва то охири бозӣ ҳисоб тағйир наёфт. Ҳамин тариқ, тими «РегарТадАЗ» бо ҳисоби 1 бар 0 ҳарифро шикаст дода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2011 шуд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозии мавқуфмондаи худ дар мусобиқоти қаҳрамониро рӯзи 22-юми декабр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо тими «Равшан» рӯи барф гузаронид ва бо ҳисоби 4 бар 0 ғалаба кард. Дастаи «Равшан» бо сабаби номусоид будани вазъи ҳаво ба бозии дигараш, ки мебоист рӯзи 28-уми декабр дар ҳамин варзишгоҳ боз бо дастаи «Истиқлол» дидор мекард, ҳозир нашуд ва бо ҳисоби техники 3 бар 0 мағлуб дониста шуд. Ҳамин тариқ, дастаи «Истиқлол» дар соли 2011 Чемпиони Тоҷикистон шуд.