«Занги камолот» пас аз як рӯзи дигар садо медиҳад
Фардо дар саросари макотиби мутавасситаи Тоҷикистон тадрис ба поён мерасад.
Занги камолот, ки қаблан бо унвони «занги охир» ёд мешуд, рӯзи 31-уми май садо хоҳад дод. Дар ин бора ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати маориф иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, то охири моҳи равон кулли барномаҳои таълимӣ ба поён мерасанд ва аз ин рӯ на 10-уми июн, балки 31-уми май соли хониш ба итмом мерасад.
Гуфтанист, дар соли таҳсили равон хонандагони макотиби Тоҷикистон аз таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ бебаҳра монда, дар баробари ин моҳи январ пурра истироҳат карда буданд.