Тавре сардори шӯъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси вилояти Суғд Содиқ Рустамов ба Озодагон иттилоъ дод, минбаъд ба муштариёни вилоят ба қадри имкон нерӯи барқ бемаҳдудият дода мешавад.
Аз қисми навбатдории шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд низ ин маълумотро тасдиқ намуда изҳор доштанд, ки ба аҳолии шаҳри Хуҷанд барқи воридшаванда кифоягӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки аз 1 апрели соли 2012 нархи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ бо дарназардошти андози арзиши изофӣ барои як киловатт - соат 11 дирамро ташкил медиҳад. То ин замон нархи истифодаи ин миқдор барқ ҳамагӣ 9 дирам буд.