Бино ба иттилои ширкати «Тоҷиктрансгаз», дар ҳамин ҳол ҷониби Тукманистон изҳори омодагӣ кардааст, ки агар Ӯзбакистон роҳи транзити газиашро боз кунад, онҳо гази худро ба Тоҷикистон интиқол хоҳанд дод.
Маврид ба ёдоварист, Туркманистон танҳо аз тариқи қубури интиқоли гази Ӯзбакистон метавонад ба Тоҷикистон газ диҳад. Чанде қабл масъулини мақомоти зирабти ӯзбак тариқи номае бо ҳамтоёни тоҷики худ иттилоъ доданд, ки аз якуми апрел газаш барои қонеъ намудани талаботи Чин равона хоҳад шуд ва гази зиёдатӣ надорад, ки ба Тоҷикистон фурӯшад.
Ин дар ҳолест, ки масъулини Вазорати энергетика ва саноати кишвар мегӯянд, ҳаҷми истихроҷи шабонарӯзии газ дар Ӯзбакистн зиёда аз 200 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад, ки чунин ҳаҷм баробар ба интиқоли газ ба Тоҷикистон дар давоми як сол мебошад. Воридоти газ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон аз аввали соли равон 41 миллион метри мукаабро ташкил намудааст. Танҳо моҳи феврали ҳамин сол Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба миқдори 30,3 миллион метри кубӣ гази табиӣ ворид намудааст.
Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар Тошканд ҳайатҳои ду ҷониб сари масъалаи интиқоли газ ва роҳҳои ҳалли ин мушкил сари мизи гуфтушунид вориди баҳс гардидаанд. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин нишаст Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» ва муовини ӯ- Шавкат Шоимов муаррифӣ доранд.