Олимони амрикоӣ ният доранд, ки истеҳсоли ғалла ва ҳосилнокии онро дар Тоҷикистон 40 дарсад афзоиш диҳанд.
Тибқи иттилои Оҷонсии Рушди Байнулмилалии ИМА, ин созмон тасмим дорад барои анҷоми як пружаи вижаи панҷсола дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин замина якуним миллион доллар ҷудо куналд..Дар чорчуби ин барнома гурӯҳе аз донишмандони умури кишоварзии донишгоҳҳои маъруфи амрикоӣ дар ҳамкорӣ бо олимони Тоҷикистон ду тарҳи таҳқиқотӣ, яке дар водии Ҳисор ва дигаре дар вилояти Суғдро рӯйи даст хоҳанд гирифт.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, ин барномаҳо дар ҳамкорӣ бо муттахасисони Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи кишоварзӣ ва АУ-и Тоҷикистон анҷом мешавад.Ҳадафи муттахасисон ҷустуҷӯйи навъи ғаллае барои Тоҷикистон аст, ки дар шароити ҷуғрофии кишвар битавонад дар баробари ҳашароти зараровар ва бемориҳои рустанӣ нобуд нашавад.