Искандари Рустам, паҳлавони тоҷик дар навъи гӯштини озод, дар мусобиқаи интихобии осиёӣ дар Остонаи Қазоқистон соҳиби роҳхат ба бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон шуд.
Тибқи иттилои КМО-и Тоҷикистон, ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 96 килограм дар даври чорякниҳоӣ бар рақибаш Суи Хияоченг аз Хитой ғолиб омад ва дар даври ниманиҳоӣ Ҷорханд Худербулгаи муғулро шикаст дод. Гуфта мешавад, варзишгари тоҷик дар қувваозомии ниҳоӣ бо Қурбон Қурбонови ӯзбакистонӣ рақобат хоҳад кард.Ба ҳамин тартиб, бар асоси низомномаи ин мусобиқа Искандари Рустам ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон-2012-ро ба даст овард.
Маврид ба ёдоварист, Искандар панҷумин варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба бозиҳои 30-юми тобистонаи олимпӣ дар Лондон гардидааст.То имрӯз, гурзандоз Дилшод Назаров, муштзан Анвар Юнусов, таэквандочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов роҳхатҳои олимпиро ба даст овардаанд. Се варзишгари Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон-2012 бо имтиёз ё аз рӯи квота ширкат хоҳанд кард.