Бар асоси гузоришҳо панҷ шаҳрванди Эрон, ки гуфта мешуд дар шаҳри Ҳамоти Сурия рабуда шудаанд, бомдоди рӯзи шанбеи 31 март ба Теҳрон баргаштанд.
Хабаргузории «Форс» навиштааст, ки ин панҷ табааи эронӣ ҳудуди ду моҳ қабл замоне, ки барои зиёрати макони мазҳабӣ ба Сурия рафтанд, тавассути афроди мусаллаҳ боздошт ва ба «ҷосусӣ» муттаҳам шуданд.
Бино ба хабари манбаъ ин панҷ нафарро ба мақомоти марзбонии Туркия таслим кардаанд. Пас аз ҳамоҳангии масъулони консулгарии Эрон дар Истанбул онҳо вориди Теҳрон гардидаанд.