Кормандони милиса дар пайи як амалиёти вижа дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд соҳибкори 46 соларо дастгир кардаанд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, Шаҳодат Худойбердиев, сокини шаҳраки Пролетар моҳи июни соли 2009 бо роҳи фиреб мағозаи тиҷоратӣ, ки аз роҳбарияти бозори маркази барои иҷора гирифта буд ба шаҳрванд Насиба Бутаеваи 49 сола ба маблғи 8000 доллари ИМА фурӯхтааст. Номбурда ваъда додааст, ки ҳуҷатҳои мағозаи мазкурро рӯзҳои наздик ба расмият дароварда медиҳад. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.