Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштии юнону румӣ Мурод Тӯйчиев, Ҳабибулло Абдуллоев, довар Ҳабибулло Нарзуллоев ва мураббӣ Баҳром Ориповҷиҳати ширкат дар сабқати дараҷабандии минтақа Осиё ба шаҳри Остона рафтанд.
Ин мусобиқа як марҳилаи дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон мебошад. Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ба Озодагон гуфтанд, ки дар ин мусобиқа ҳамчунин варзишагарони дастаи мунтахаб оид ба гӯштии тарзи озод Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Фарҳод Усмонзода, Азамат Суфиев ва мураббӣ Абдурозиқ Олимов иштирок хоҳанд кард.
Сабқати мазкур то 1 апрели соли равон идома меёбад.