Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар ин нишаст нахуст ҳисоботи Вазири энергетика ва саноат дар бораи рушди саноати хӯрокворӣ шунида шуд. Тавре зикр гардид, шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 94 адади соли 1991 то соли 2010 ба зиёда аз 600 адад расид. Танҳо дар солҳои 2006-2011 бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 394 корхонаи нав бунёд ёфт, ки дар онҳо 7300 ҷойи корӣ муҳайё гардид. Соли 2011 дар ҳаҷми 2 миллиарду 74 миллион сомонӣ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 1996 43 баробар зиёд аст. Навсозии корхонаҳои мавҷуда ва бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз кардани онҳо низ аз соли 2006 ба ин сӯ авҷ гирифтааст.
Зимнан, ҳисоботи Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон доир ба тадбирҳои беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обёришаванда барои солҳои 2010-2014 шунида шуд. Қайд гардид, ки дар ин минтақа ҳолати мелиоративии 1370 га замини обӣ тавассути тоза кардани каналҳо ва заҳбуру заҳкашҳо беҳтар карда шуд. «Бо вуҷуди ин, мушкилоти зиёд барои беҳсозии ҳолати иншооти дигари мелиоративӣ ва паст кардани сатҳи оби зеризаминӣ дар як қатор хоҷагию ҷамоатҳо боқӣ мемонад».
Ҳамзамон, дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати ҶТ низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016 ва Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд барои солҳои 2012-2017 тасдиқ карда шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳадафи асосии Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ тавассути зиёд намудани майдони кишт ва ҳосилнокии картошка ба зиёда аз 1 миллион тонна расондани истеҳсоли он то соли 2016 мебошад.