Сафири Тоҷикистондар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Паймони неру Урбан Русак дар Брюссел мулоқот кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ-и кишвар, зимни нишаст дипломатии тоҷик роҷеъ ба натиҷаҳои мусбати кори Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки 26-27 марти соли равон дар Душабе барпо шуд, иттилоъ дод.
Ҳамзамон, тайи ин мулоқот сафири Тоҷикистон дар бораи рафти татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ахбороти муфассал пешниҳод намуд.
Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо ҳолати ҳамкориҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби Созишномаи Паймони неру батафсил муҳокима намуда, онро мусбат арзёбӣ карданд.