Кооперативи «Матбуот», ки тақрибан чор моҳ қабл аз ин аз фаъолият боз монда буд, дубора ба кор шурӯъ мекунад.
Ин ташкилот, ки якуним сол пеш таъсис дода шуда буд, бо қарори шӯрои муассисон аз нав корашро идома медиҳад. Тавре ба Озодагон аз дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе иттилоъ доданд, дар робита ба ин имрӯз дар ин созмон бо иштироки аксари муассисону сардабирони расонаҳои Тоҷикистон ва бо иштироки ҷонибҳои донор, ки ба ин лоиҳа кӯмак карданӣ буданд, ҷаласаи машваратӣ доир гардид. Бо қарори шӯрои муассисон Зафари Сӯфӣ, муассиси гурӯҳи расонаҳои Озодагон раҳбари созмони «Матбуот» интихоб шуд.
Ҳамзамон, мушовири махсусе, ки аз Латвия барои дубора эҳё кардан ва роҳандозии ин пружа ба Тоҷикистон омада буд, барномаи воқеан ҳам ҷолиб ва хеле ҳисобшуда барои Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки боиси дастгирӣ ва қобили қабул аст.
Бояд гуфт, ҳафтаи оянда барои ишғоли вазифаи мудири иҷроияи кооператив озмун эълон мешавад ва он нафароне, ки баргузида мешаванд, дубора фаъолияти созмонро ба роҳ хоҳанд монд.