Ба иттилои манбаъ амалиётҳо дар қаламрави музофотҳои Фороб, Қундуз, Кобул, Лағмон, Кунор, Пактиё, Ғазнӣ, Урузгон ва Ҳилманд анҷом шудаанд. Дар натиҷа 35 нафар маҳв, 12 кас захмӣ ва ду тани дигар боздошт шудаанд.
Ҳамчунин, аз ошӯбгарон беш аз 2.800 кило маводи мухаддир, 27 автомат, 3 пулемёт, гранатомёт, 14 минҳои зидинафар, 7 мотосикл ва 2 нақлиёт мусодира кардаанд.