Дар ҳамин ҳол, Абдусамад Ғайратов, раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб ба хабаргузории Озодагон гуфт: «Ҳеч гуна санчиш, тафтишот ва ё пурсиш аз фаъолияти ин бахш аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳуқуқӣ доир нагардидааст». Ҷаноби Ғайратов афзуд, имрӯз (30-юми март) дар дафтари бахш як семинар бо иштироки Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили ҲНИТ дар порлумони кишвар доир гардид, ки аъзоёни бахш ширкат доштаанд ва дар ин маврид ҳам аз сӯйи мақомоти қудратӣ ягон монеаъ набуд.