Се бозии дигари даври чорякниҳоии сабқати мазкур бо ҳисоби якхелаи 2:1 ба нафъи соҳибони майдон анҷом шуд. "Спортинг"-и Лиссабон бар "Металлист"-и Харков, АЗ-и Ҳолланд бар "Валенсия" ва "Атлетико"-и Мадрид бар "Ганновер" дастболо шуданд. Бозиҳои ҷавобии ¼ финалии Лигаи Аврупо 5-уми апрел баргузор мешаванд.