Ҳамзамон, Тоҷиддин Ҷалолов, роҳбари ташкилоти чамиятии ҳуқуқи кӯдак ба хабаргузории Озодагон гуфт, мутаасифона, дар Тоҷикистон мутахассисони махсуси соҳаи ҳуқуқ нестанд, ки парвандаҳои ноболиғонро тафтиш кунанд: «Дар ин самт бояд як система ба миён биёяд. Дар тамоми дунё зиёда аз сад сол шуд, ки чунин система амал менамояд. Имрӯз бисёр вазоратхонаҳо дар бобати ноболиғон фаъолияти корӣ доранд, ки ин ба функсияи онҳо дохил намешавад ва онҳо бояд вазифаҳои худро иҷро кунанд».
- Сабаби асосии ба ҷиноят даст задани ноболиғон, ин ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудани волидони онҳо мебошад,-мегӯяд Ҷалолов. Номбурда мӯътақид аст, ки аз набудани падар ё модар дар оила ноболиғон бе назорат монда, даст ба дигар корҳо мезананд.