2011-05-04 11:18
Арзиши бархе аз асъори хориҷӣ дар Душанбе рӯ ба афзудан дорад. Таври мисол, рӯзи 3-юми май дар нуқтаҳои фурӯш ва мубодилаи асъори пойтахт
қурби миёнаи доллари ИМА баланд шуда, дар ҳудуди 4,5430-4,5620 сомонӣ қарор гирифт. Тавре ба хабаргузории “Озодагон” масъули маркази матбуотии Бонки Миллӣ Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод, арзиши рубли русӣ ва евро низ каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,6470-1,6650 сомонӣ ва 1 евро ба 6,6450-6,6750 сомонӣ баробар шудааст. Бояд гуфт, рӯзи 29-уми апрел 100 доллари амрикоиро муштариён метавонистанд бо маблағи 454 сомонӣ харидорӣ намоянд.