Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси ММ таваҷҷӯҳи прокурори генералиро барои тақвияти фаъолият дар самтҳои гуногуни иҷрои вазифаҳои хизматӣ нигаронида, аз ҷумла таъкид сохт, ки дар доираи салоҳиятҳои худ баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар назорати прокурориро аз болои иҷрои вазифаҳои хизматию таъинотии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қудратию низомӣ, аз ҷумла кормандони прокуратура ва кулли сохторҳои давлатию институтҳои шаҳрвандӣ ва соҳибкорию хизматрасонӣ оид ба роҳандозии фаъолияташон дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ таври қатъӣ пурзӯр намояд.
Дар поёни иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев дастуру ҳидоятҳои худро оид ба тақвият бахшидан ба фаъолияти қонунгузорӣ ва таблиғотию кор бо ҷомеа аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ироа сохта, итминон баст, ки ҳар кадоми онҳо дар пиёдасозии сиёсати ҳукумат ва мароми ягонаи он- роҳандозии ҳаёти қонунсолорӣ аз тарафи кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба дастёбӣ дар рушди мамлакат саҳмгузор мегарданд.