Президент аз унвони илмиаш маҳрум гардид
Чунин тасмимро донишмандони Донишгоҳи Земмелвайс дар қиболи Пал Шмитт, президенти Маҷористон гирифтаанд.
Ба қавли Тивадар Тулассай, ректори донишгоҳи мазкур, диссертатсияи доктории Шмитт ба меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии кори илмӣ мувофиқат намекардааст. Барои лағви унвони илмии президент 33 аъзои шўрои илмӣ райъ додаанд. Ҳамагӣ 4 нафар аз ин тасмим ҷонибдорӣ накардааст.
Пал Шмитт диссертатсияи доктории худро дар мавзўи "Таҳлили барномаҳои Бозиҳои олимпии муосир»-и соли 1992 дар донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Маҷористон, ки баъдан ба ҳайати донишгоҳи Земмелвайс шомил шуд, ҳимоя кардааст. Моҳи январи соли 2012 маҷалаи HGV-и Венгрия диссертатсияи Шмиттро мавридди таҳлилу баррасӣ қарор дода ба хулосае расид, ки дар он пораҳои тағирнахўрда аз кори Николай Георгиев, олими булғор фаровон истифода шудааст.
Барои санҷиши рисолаи доктории президенти Маҷористон комиссияи вижае мураққаб аз чор профессор ва ҳуқуқшинос таъсис шудааст. Дар гузориши комиссия, ки 29-уми март нашр шуд, навишта шудааст, ки беш аз 200 саҳифаи дисертатсияи 215 саҳифагии Шмитро «тарҷумаи мустақим» аз дигар корҳои илмӣ ташкил медиҳад. Дар ин ҳол, комиссия дар ин кор на унвонҷў, балки омўзгорони донишгоҳи тарбияи ҷисмониро гунаҳкор кардааст. Ба қавли онҳо маҳз муаллимон бояд иҷоза намедоданд, ки Шмит аз матни «бегонаҳо» дар кораш истифода кунад. Намояндаҳои аҳзоби мухолиф баъди дар плагиат муттаҳам шудани президент аз ў даъват кардаанд, ки ба истеъфо биравад. Аммо Шмитт алъон тасмими тарки вазифаро надорад.
Пал Шмитт ягона сиёсатмадоре нест, ки дар плагиат барои ҳимояи унвони илмӣ гунаҳкор мешавад. Соли 2011 аз рисолаи илмии вазири дифои Олмон Карл-Теодор Гуттенберг намунаҳои зиёди асардуздӣ ошкор гардида, унвони доктории ӯ лағв шуд. Пас аз чанд рӯз Гуттенберг ба истеъфо рафт.