Манбаъ афзуд, аъзои Маҷлиси миллӣ зимни баррасии масъалаҳо бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисон, муовин ва узви Кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов, Ғайбулло Афзалов ва Матлубахон Сатторова пешниҳодгардида, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳодёфтаро бо мавриди муҳокима қарор додан, ҷонибдорӣ намуданд.
Зимнан, 9 қонунҳои наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи ташкилотҳои таҳсилоти иловагӣ», Дар бораи экспертизаи экологӣ« ва «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин зимн аз қабили масоили мавриди дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ буданд.