Роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон.
Таҳти чунин унвон намояндагони 5 кишвар дар Душанбе ҳамойиш доир сохта, масоили марбут ба онро баррасӣ карданд. Саъдулло Раҳматуллоев, сухангӯи Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфт, мавзуи асосии баҳси мақомоти Тоҷикистону Афғонистон, Қирғизистон ва Амрикову Русия, тарҳрезии амалиётҳо алайҳи гурӯҳҳои созмонёфти қочоқбар буд: "Миёни идораҳои зидди маводи мухаддири Афғонистон, Қирғизистон, Русия, Амрико ва Тоҷикистон табодули ахбори оперативӣ дар бораи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хуб ба роҳ монда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки нисбат ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноие, ки робитаҳои устувори байнулмилалӣ доранд, ошкор ва аз байн бурда шаванд."
Маврид ба тазаккур аст,ки Афғонистон бузургтарин кишвари тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва коршиносон ҷумҳурии моро яке аз роҳҳои трназитии қочоқи ин мавод ба Русия ва Аврупо медонанд.