Дар ноҳияи Ҳисор мизи мудавари минтақавӣ оид ба татбиқи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар ин нишаст 30 нафар масъулини мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони сохтори маориф, тандурустӣ, оид ба корҳои дин, занон ва оила, марказҳои ҷавонон, ташкилотҳои ҷаъмиятии ҷавонон ва ВАО иштирок намудаанд.
Зимни ин ҳамоиш Қиёмиддин Миралиев, мудири шӯъбаи сиёсати иҷтимоии кумита оид ба падидаҳои номатлуб, аз ҷумла пешгирии нашъамандӣ, танфурӯшӣ, хариду фурӯши одамон ва паҳншавии ВНМО/БПНМ баромад намуда, роҳҳои ҳал ва татбиқи барономаи мазкурро бо факту далел барои иштирокчён пешниҳод намуд. Мирзоазиз Шарифов, сардухтури маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Шаҳло Турақулова, ҷонишини мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав низ баромад карда, аз баргузории як чунин ҳамойишҳо ҷонибдорӣ намуданд.