Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар мактаб-парваришгоҳи рақами 4-и пойтахт, ки сарпарасатии онро ба зимма дорад, ҷашни Наврӯзро баргузор намуд.
Дар чорабинӣ Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ширкат намуданд.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии ин вазорат иттилоъ доданд, нахуст хонандагони мактаб-интернатро Ҳамрохон Зарифӣ бо иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло таманно намуд: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо умеди ояндаи неки шумо мекӯшад, то бароятон тамоми шароитро муҳайё созад”
Зимнан, хонандагони мактаб-интернат барномаи ҳунарии худро пешкаши ҳозирин намуданд. Намоиши либосҳо, расму оини миллии наврӯзӣ, рақсҳои миллӣ, сурудхонӣ, намоишҳои варзишӣ ва саҳначаҳо баргузор гардида, фалакхонӣ ва рақси бадахшӣ дар иҷрои хонандагони синфҳои поёнии ин мактаб хотирмон буд.