Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва масъулони дастгоҳи иҷроияи президент машварати корӣ доир намуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур, дар нишасти мазкур масоили вобаста ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, пешгирии офатҳои эҳтимолии табиӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони оянда баррасӣ шуд.
Манбаъ афзуд, президенти кишвар бо назардошти тӯл кашидани зимистони имсола ва қафо мондани оғози киштукори баҳорӣ аз масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ талаб намуд, ки аз ҳар рӯзи офтобӣ ва ҳавои мусоид пурсамар истифода баранд, то ки тамоми заминҳои корам кишт карда шаванд. Таъкид гардид, ки барои ин ба кишоварзон ҳамаҷониба кӯмак бояд кард.
-Зимистони тӯлонии гузашта ва мушкилоти зиёди пешовардаи он, хусусан барои чорводорон собит намуд, ки захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ доштан то чӣ андоза зарур аст,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон, ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳо ва масъулини ҷумҳуриявӣ дастур дода шуд, ки барои огоҳсозии мардум аз хатари обхезию дигар офатҳои табиӣ ва амалисозии чораҳои саривақтӣ ситодҳои доимамалкунанда таъсис дода, онҳоро бо мутахассисони кордон ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд.