Мо беист иддао дорем, ки Наврӯзро иди байналмилалӣ кардем.
Ҳол он ки моҳияти аслии Наврӯзро дорем аз байн мебарем. Аз сӯи дигар як аслро набояд фаромӯш кард, фақат миллатҳои кучак, ки таъриху тамаддуне надоранд, дар ростои исботи мавҷудияти худ ба ин гуна иддаоҳои камарзиш ва аз устураҳо таърих сохтанҳо аввалан норасоии худро рӯйпуш мекунанду сипас барои ҳувияти худ пеши дигарон гӯӣ далел меоранд. Аз барои Худо, инсоф кунед.
Бо пазируфтани Созмони милал ё ҳар ниҳоди дигар Наврӯз ё ҳар ҷашни дигари моро бидуни шак ҷойгоҳамон аз будаш боло намеравад. Гузашта аз ин, мо миллати бузургем ва ниёзе ба ин гуна пазируфтани ин ё он ниҳод надорем. Мо бояд аввал худрову ҷойгоҳамонро дар тамаддуни башарӣ бишносем ва Наврӯзу аз ин даст муносибатҳоро аз рӯи асолаташ таҷлил кунем…
Тафсилоти бештар зери ин линк маҳфуз аст: https://ozodagon.tj/dx/item/16273