Бино ба навиштаи хабаргузории «Форс», рӯзҳои ахир сафи намозгузорони масҷидҳои Маскавро мусулмононе пур менамоянд, ки аз кишварҳои номбурда ба ин шаҳр барои кор омадаанд.
Дар ҳақиқат беэътиноии мардуми ин минтақа нисбат ба дунё овардани фарзанд, пасравии ҷамъияти русҳо ва ниёзмандии шадиди мақомоти Кремл ба неруи инсонӣ сабаб гардидааст, ки имрӯз мардуми мусулмон аз Осиёи Миёна ва Қафқоз ба ин шаҳр рӯ оварда, шумораи мусулмонони минтақаро рӯз ба рӯз меафзоянд.
Ин дар ҳоле аст, ки мавҷи муҳоҷирати ҷавонони мусалмон ба Маскав барои кор рӯз аз рӯз шиддат мегирад. Мусулмонони шаҳри мазкур бошанд аз норасои масҷид шикоят мекунанд.