Созмони «Зан ва Замин» аз Тоҷикистон дар қатори 24 ташкилоти хориҷӣ соҳиби ҷоизаи «Equator Prize 2012» гардид. Маросими супурдани ҷоиза дар қароргоҳи СММ шаҳри Ню-Йорксурат пазируфт.
«Зан ва Замин»-ро барои саҳми арзанда дар рушди устувори иҷтимоӣ бо ҷоизаи мазкур қадрдонӣ кардаанд. Аз Вазорати корҳои хориҷа ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки муассиси ҷоизаи «Equator Prize» Барномаи рушди СММ аст. Соли равон аз таъсис ёфтани он даҳ сол пур мешавад: «Ғолибон аз миёни 812 номзад, ки аз 113 кишвари тараққикунандаи ҷаҳон намояндагӣ мекарданд, интихоб шуданд. Дар байни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ созмони тоҷикистонии «Зан ва Замин» ягона ғолиби ҷоизаи имсолаи «Equator Prize» дониста шудааст».
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки маросими ба ғолибон супоридани ҷоизаи мазкур дар ҷараёни Конфронси СММ оид ба рушди устувор (Рио-де-Жанейро, 20-22 июни 2012) баргузор шавад. Қобили зикр аст, ки мусоидат ба деҳқонону кишоварзони безамин дар мавриди танзим намудани ҳуқуқҳои онҳо, иҷораи замин, гуногун кардани услубҳои истеҳсоли кишоварзӣ ва ташвиқ сохтани ҳифзи танаввуи зистӣ аз тариқи мудирияти масъулиятноки манбаъҳои табиӣ самти фаъолияти созмони «Зан ва Замин»-ро ташкил медиҳанд. «Зан ва Замин» аз ҷониби як гурӯҳи фаъолзанони тоҷик бо мақсади бартараф намудани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар натиҷаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадаанд, таъсис шудааст.