Чин ба ҳар қимате аз Эрон ҳимоят мекунад
Як фармондеҳи олирутбаи артиши Чин таъкид кард, ки кишвараш ҳатто ба қимати оғози ҷанги севвуми ҷаҳонӣ ҳам аз Эрон пуштибонӣ ва ҳифозат хоҳад кард.
Ба гузориши шабакаи телевизиони "NTD ТВ" ҳамзамон бо бештар фиристода шудани киштиҳои ҷангии амрикоӣ ба минтақаи Ховари Миёна ва афзоиши ноамниҳо дар ин миyтақа, Жонг Жоау Жонг яке аз фармондеҳони олирутбаи низомии Чин аз донишгоҳи дифоъи миллии ин кишвар гуфт: Чин набояд дар ҳимоят ва ҳифозат аз Эрон тардид кунад, ҳатто агар ин мавзўъ ба маънои ҷанги ҷаҳонии севвум бошад.
Тибқи охирин ахбор 3 киштии ҷангии ҷадиди амрикоӣ ба минтақаи Ховари Миёна фиристода шуда, то бо новгони (эскадрилия) панҷуми ин кишваре, ки дар Баҳрайн ҷойгир ҳастанд, бипайвандад.
Эъзоми киштиҳои ҷангии ҷадид ба минтақаи Халиҷи Форс нигарониҳоро дар бораи эҳтимоли ҳамла ба Эрон матраҳ мекунад.
Шемон Перс раиси режими сионистӣ чанде пештар иддао кард, ки эҳтимоли "ҳамлаи низоми алайҳи Эрон бисёр наздиктар аз гузинаи сиёсӣ аст".
Коршиносон бо ишора ба мушкилоти рўзафзуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Исроил таъкид мекунанд, ки мақомоти режими сионистӣ ба матраҳ кардани ҳамла алайҳи Эрон ба дунболи ҷилавгирӣ аз мавҷи эътирозу эътисоби мардум дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳастанд.