-Мусобиқа бо мақсади ҷалби бачагону наврасон ба варзиш ташкил шуд,- гуфт зимни сӯҳбат ба хабарнигори Озодагон сардори бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов. Ба қавли номбурда мусобиқа дар панҷ варзишгоҳи
шаҳр гузаронида шудааст.
Футболбозони навраси гимназияи «Кавсар» ҷои аввал, гимназияи 14 мақоми дуюм ва гимназияи «Амид» зинаи сеюмро соҳиб шуданд.