Намояндаи минтақавии раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар ҷумҳурии Исломии Афғонистон Жан Люк Лемахю ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ташриф оварда, бо директори Агентӣ Рустам Назаров мулоқот кард.
Тавре ба «Озодагон» аз агентии мазкур хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо якчанд масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии густариши нашъамандиро баррасӣ карданд. Дар ин вохӯрӣ ҷараёни татбиқи “Барномаи минтақавии дастгирии талошҳо дар мубориза бо мухаддирот дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар солҳои 2011-2014”, ки раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ қабул кардааст, инчунин иҷрои қарорҳои ҷаласаи Ташаббусҳои Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (АҚТ), рушди вазъи мухаддиротӣ дар ҶИА, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба мулоқоти сарварони сохторҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ширкати роҳбарияти раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар назар гирифта шудааст, баррасӣ шуданд.