Имрӯз, 29-уми март дар Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Тоҷикистон мулоқоти кории байниидоравии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи 5 кишвар- Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (гурӯҳи “Хатсайри Шимол”), ки дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунанд, сурат мепазирад.
Тавре ба «Озодагон» аз агентии мазкур хабар доданд, ҷаласа ду рӯз идома меёбад. Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба баргузории амалиётҳои муштарак оид ба пешгирии гурӯҳҳои мухаддиротии трансмиллии дар ин минтақа амалкунанда мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
-Миёни идораҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон, Русия, ИМА ва Тоҷикистон табодули ахбори оперативӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба роҳ монда шудааст, ки имкон медиҳад гурӯҳҳои муташаккили ҷиноие, ки робитаҳои устувори байналмилаӣ доранд, ошкор ва аз байн бурда шаванд. Ин гуна ҳамкорӣ сабабгори беҳбудии тадриҷии вазъи мухаддиротӣ дар минтақа мегардад,-афзуд манбаъ.
Ҷаласаи шашуми гурӯҳи корӣ аз оғози таъсиси худ дар соли 2010 мебошад ва он баъди анҷоми панҷумин конфронси минтақаии ҳамкориҳои иқтисодӣ барои Афғонистон (RECCA) баргузор мегардад.