Бо мақсади таъмиру тармими боми биноҳои бисёрхонагии шаҳри Қайроққум қарори раиси вилояти Суғд ба имзо расид.
Тибқи қарори мазкур ба сарраёсати молияи вилоят супориш шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷаи вилоятӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сад ҳазор сомонӣ ҷудо намояд.
Мавриди зикр аст, ки 14 марти соли равон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сокинони шаҳри Қайроққум мулоқоти рӯ ба рӯ доир намуд ва бештари шаҳрвандон аз таъмирталаб будани бомҳои худ шикоят карданд.