Хабаргузории Новости гузориш медиҳад, ки Александр Лукашевич, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия дар конфронси матбуотие дар Маскав гуфт, феълан мо шоҳиди таъсири манфии талошҳои суратгирифта барои ҳалу фаслу муноқиша дар Сурия аз тариқи музокира ҳастем.
Изҳороти ошкоро, ки аз суи раҳбарони мухолифин дар ин кишвар ба гӯш мерасад, аслан чунин умедеро ба вуҷуд намеоварад, ки чунин гуфтугӯҳо ба ин зудӣ рух диҳад. Вай афзуд, онҳо бештар рӯи хостаҳои ғайри қобили таҳаққуқ ва оғози ин музокирот ба шарти барканории Башор Асад аз қудрат исрор доранд.
Пеш аз ин Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия гуфта буд, ки маъмурияти Кофе Анан намояндаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ дар ҳалли муноқишаи Сурия мумкин аст охирин шонс барои гурез аз рух додани як ҷанги дохилии хунбор дар ин кишвар бошад.